Ҷасади як корманди мақомоти амниятии Қазоқистон дар яке аз меҳмонхонаҳои шаҳри Остона пайдо шуд. Дар ин бора маркази матбуотии вазорати корҳои дохилии Қазоқистон 16-уми октябр хабар дод.
Ба иттилои маркази матбуотӣ, ҷасади ин мард “бе нишонаҳои марги маҷбурӣ” пайдо шудааст. “Иттилои дигар расонаӣ карда намешавад”, — омадааст дар хабари ВКД.
Бархе аз расонаҳо менависанд, ҷасади мард бо коғазширеш (скотч) печонида шуда буд.
Мақомоти амниятии Қазоқистон дар бораи ин ҳодиса ҳанӯз хабаре нашр накардаанд.