Пас аз гузашти шаш моҳ ҷасдаи ду сокини ноҳияи Муъминободи вилояти Хатлон, ки ҳангоми амалиёти махсуси Хадамоти федералии амнияти Русия дар вилояти Владимир кушта шуданд, ба зодгоҳ оварда шудаанд. 

То ин замон номи ин ду шаҳрванди Тоҷикистон эълон нашуда буд ва хонаводаи онҳо низ аз ин ҳодиса хабар надоштанд.

Қаблан мақомоти ХФА гуфтанд, дар вилояти Владимир ду шаҳрванди яке аз кишварҳои Осиёи Марказӣ ҳангоми боздошт муқовимати мусаллаҳона нишон дода, кушта шуданд. Дертар маълум шуд, ки инҳо бародарон Ибодулло ва Шарифхон Валиевҳо ҳастанд. Ба иддаои мақомоти ХФА ин ду зодаи Осиёи Марказӣ қасди анҷоми ҳамлаҳои террористиро доштанд.

“Ҳангоми гузаронидани чораҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар ҷойи ҳодиса асбобҳоии тарканда, автомати AK-74, таппончаи ПМ, ва лавозимоти ҷангӣ ёфт гардидааст”, -мегӯяд ва ВАО-и Русия дар такя бо Хадамоти федералии амниятии ин кишвар.

Ба гуфтаи модари Ибодулло, то ҳол аз ҷониби Русия далели кушта шудани писаронаш расман пешниҳод нашудааст. Инчунин, маълум нест, ки чаро то дер ҷасадҳо ба наздиконашон супурда нашуданд. 

Ёдрас мешавем, ки амалиёти ХФА дар вилояти Владимир пас аз ҳамлаи маргталабона дар метрои шаҳри Санкт-Петрубрг, ки бар асари он 15 нафар кушта ва даҳҳо тани дигар захмӣ шуданд, роҳандозӣ шуда буд. Мақомоти Русия дар ин кор шаҳрванди Қирғизистон Акбарҷон Ҷалилов,о айбдор карда, барои ҳамдастӣ дар ин таркиш чандин муҳоҷири дигар аз Осиёи Марказиро боздоштанд.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here