Чанд рӯзи охир дар баробари хабари гарон шудани нархи интернет овозаҳо дар мавриди боло бурдани маблағи роҳкирои нақлиёти ҷамъиятӣ низ дар шаҳри Душанбе сокинонро озурдаву нигарон кардааст.

Бино ба хабарҳо миёни мусофирон, роҳкирои нақлиёти ҷамъиятӣ аз 1,6 сомонии феълӣ ба 2,7 сомонӣ боло бурда хоҳад шуд. Ронандагони мусофиркашҳо низ мегӯянд, борҳо чунин суолҳоро аз мусофирон шунидаанд, вале ҷавобашон ин будааст, ки “чизе намедонем ва аз ҷониби масъулини корхонаҳо ҳам ягон ҳарфе дар бораи зиёд шудани роҳкиро нашунидаем”.

Масъулини “Душанбенақлиётхадамотрасон” — ниҳоде, ки раванди таъмини хизматрасониҳои нақлиёти ҷамъиятиро дар ҳудуди шаҳри Душанбе ба зимма дорад, низ ин овозаҳоро рад мекунанд.

Директори Муассисаи давлатии мазкур Ҷумъахон Давлатов мегӯяд, чунин сару садоҳоро онҳо ҳам шунидаанд, ки комилан беасос мебошанд.

— Вобаста ба ин ҳолат ман рӯзи гузашта дар Радиои Тоҷикистон ва телевизиони “Пойтахт” ҳам изҳори назар кардам. Ягон асоси воқеӣ барои боло бурдани маблбағи роҳкиро вуҷуд надорад. Аввалан, чунин амал танҳо дар асоси қарори шаҳрдори Душанбе сурат мегирад. Маротибаи охир аз моҳи феврали соли 2018 дар бораи нархи хизматрасониҳои нақлиёти ҷамъиятӣ қарори раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ, таҳти рақами 101 ба тасвиб расида буд ва мо дар ҳамин асос фаъолият карда истодаем, — гуфт Ҷумъахон Давлатов.

Ёдовар мешавем, ки раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ рӯзи 19-уми феврали соли гузашта бо судури як қарор нархномаи нави нақлиёти ҷамъиятиро эълон карда буд, ки бар асоси он роҳкирои троллейбусҳо 1 сомонӣ, автобусҳо 1 сомониву 20 дирам, автобусҳои экспресс 1 сомониву 50 дирам ва “маршрутка”-ҳо 1 сомониву 60 дирам муқаррар шудааст. Қаблан қимати роҳкирои тролейбусҳо 70, автобусҳо 80 ва микроавтобусҳо то ними роҳ 80 дирам ва то охири хатсайр 1 сомониву 60 дирам буд.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here