Аз оғози соли оянда дар шаҳри Санкт-Петербург арзиши патент барои муҳоҷирони корӣ аз 3 ҳазор рубл то 3,5 ҳазор рубли русӣ дар як моҳ афзоиш хоҳад ёфт. Ин нукта аз ҷониби раиси Кумитаи молияи Смоленск Алексей Корабелников эълон шудааст, менависад «Деловой Петербург».

Бино ба иттилои манбаъ, Кумитаи меҳнат ва шуғли аҳолии шаҳри Санкт-Петербург хароҷоти дахлдорро таҳия намудааст, ки тибқи он афзоиши арзиши патент ба буҷет имкон медиҳад, то беш аз 8 миллиард рубли русӣ дар шакли пешпардохт барои андоз аз ҳисоби даромади муҳоҷирони корӣ ситонида шавад.

Гуфта мешавад, ки дар соли 2016 даромади шаҳр аз патент ба 6 миллиард рубл баробар будааст. Тибқи иттилои ниҳодҳои масъул, соли 2016 дар шаҳри Санкт-Петербург 211,5 патент барои кор ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ дода шудааст. Дар ҳашт моҳи соли ҷорӣ 152,3 ҳазор нафар патент гирифтаанд.

Ин ҳам дар ҳолест, ки тибқи иттилои «Ведомости», муовини директори Мактаби олии иқтисодии Санкт-Петербург Данил Александров гуфтааст, ки муҳоҷирони ғайриқонунӣ метавонанд аз шумораи муҳоҷирони қонунӣ зиёдтар бошанд.

Дар ин маврид моҳи августи соли 2017 котиби Шӯрои амнияти Федератсияи Русия Николай Патрушев низ изҳори назар намуда, гуфта буд, ки ҳарчанд давлат барои мутобиқгардонии иҷтимоию фарҳангии муҳоҷирони корӣ шароит фароҳам овардааст, то имрӯз ба коҳиши назарраси муҳоҷирати ғайриқонунӣ даст наёфтааст.

Бино ба иттилои расмӣ, дар нимсолаи аввали соли 2017 дар Санкт-Петербург зиёда аз 13 ҳазор муҳоҷир аз кишварҳои ИДМ ба қайд гирифта шудаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 66% зиёдтар аст. Аз шаҳр рафтагон 5,4 ҳазор нафарро ташкил додаанд, ки нисбат ба нимсолаи аввали соли 2016-ум 21% камтар аст. Шумораи умумии муҳоҷирон (аз он ҷумла меҳмонони минтақаҳои Русия ва хориҷи дур) дар тӯли ин давра 15 дарсад афзуда, ба 114 ҳазор нафар расидааст.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here