Дар Тоҷикистон Ҳукумат ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва милитсия дастур дод, ки қарзҳое, ки одамон аз бонкҳо гирифтаанду барнагардондаанд, то дирами охирин рӯёнида шаванд.

Рост, ки чунин дастур ҳанӯз охири моҳи октябр дода шудааст ва мувофиқи он мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ҳақ доранд, ки қарздорҳоро ба ҷавобгарӣ кашанд. Чунин дастур ба Прокуратураи генералӣ, Вазорати корҳои дохилӣ, Кумитаи амнияти миллӣ ва Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия дода шудааст.

Ба гуфтаи ВКД мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар ҳамон сурат ба қазияи баргардонии қарз дахолат мекунанд, ки қарзгирандаи бонк маблағро мувофиқи мақсад истифода намекунад ва бар замми ин хоҳиши баргардонидани онро ҳам надорад. 

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here