Дар роҳи Душанбе – Чаноқ, ки ҳаракати нақлиёт муваққатан боздошта шуда буд, акунун бартараф ва рафтуо иҷоза дода шуд. Дар ин бора сухангӯи ширкати IRS Далер Мерганов ба faraj.tj иттилоъ дод.

“Ҳоло ҳаракати воситаи нақлиёт аз ду ҷониб аз самти Айнӣ ба Душанбе ва аз ҷониби Душанбе ба самти Хуҷанд низ роҳандозӣ шуд”, — иттилоъ дод манбаъ.

Ёдовар мешавем, ки субҳи имрӯз дар километри 119- уми роҳи автомобилгарди Душанбе-Чаноқ лағжиши куҳпораи азим ба амал омада, дар натиҷаи ин ҳодиса як қисмати роҳ фурӯ рафта буд.

Бояд гуфт, ки фурӯравии ин ҳодиса бори аввал набуда, моҳи июни соли 2018 низ як қисмати роҳи Душанбе-Чаноқ дар ноҳияи Айнӣ пурра фурӯ рафта буд.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here