Айн ҳол аз ҷониби ширкати IRS дар минтақаи Варзоб дар 11 километр роҳ корҳои таъмир иҷро мешавад. Ба ҳамин далел, то анҷоми таъмир ҳаракати тамоми намуди воситаҳои нақлиёти боркаш аз соати 9:00 то 20:00 боздошта шудааст. Дар ин бора Далер Мерганов сухангӯи ин ширкат ба faraj.tj иттилоъ дод. 

“Айни замон таъмиру таҷдиди роҳи Душанбе – Чанок, хоса дар минтақаи Варзоб аз ҷониби филиали Ширкати саҳомии «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, босуръат идома дошта, бо ин мақсад зиёда аз 40 техникаву механизм ҷалб гардидааст. Корхонаҳои асфалти марбут ба филиали Ширкат теъдодашон 3-то аст, ба таъмири асосӣ ва ҷории роҳ  ҷалб карда шудаанд”, — гуфт манбаъ.

Гуфта мешавад, ки тибқи нақша дар як муддати кутоҳ танҳо дар минтақаи Варзоб 11 километр роҳ бояд таъмири куллӣ ва қисмати боқимонда таъмири ҷорӣ шавад.

Бо ин мақсад бояд зиёда 16000 тонна асфалт харҷ шавад.

Ширкат дар мавсими имсола тасмим гирифтааст, ки зиёда аз 50 километр роҳ таъмири куллӣ ва зиёда аз сад километр таъмири ҷорӣ шавад.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here