Дар ноҳияи Ишкошим 3056 шиша арақ, ки гуфта мешавад, ба меъёрҳои маҳсулоти спиртӣ ҷавобгӯ набуданд, то ба мизоҷон нарасид ва саривақт аз ҷониби мақомот нобуд карда шуд.

«Ховар» хабар медиҳад, ки ҳангоми гузаронидани чорабиниҳо аз тарафи кормандони шуъбаи корҳои дохилӣ дар ноҳияи Ишкошим, дар ҳудуди ҷамоати деҳоти ба номи Рустамбек Юсуфбеков дар дохили мошини тамғаи «Дулан», рақами давлатиаш 69 52 ОДЕ 01, ки ба ронанда Раҳматхон Ашрафов, соли таваллудаш 1960, сокини шаҳри Душанбе тааллуқ дорад, дар ҳаҷми 227 қуттӣ машруботи спиртии гуногунтамға,  ки дар маҷмӯъ 3 ҳазору 56 шишаи арақро ташкил медоданд, ошкор ва мусодира гардид.

Дар натиҷаи гузаронидани чораҳои фаврӣ муайян гардид, ки қуттиҳои машруботи спиртӣ  ба соҳибкорони инфродии деҳаи Ишкошим Рузихон Акрамхонов, Иброҳим Зераков, Пулодбек Юсуфбеков ва сокини деҳаи Вранги ноҳияи мазкур Азорабек Исмоилбеков тааллуқ доранд.

Озмоишгоҳи бахши вилоятии «Тоҷикстандарт»  муайян кардааст, ки арақҳои мусодирашуда ба меъёрҳои стандарти давлатӣ ҷавобгӯ набуда,  ба саломатии инсон  хатари ҷиддӣ доранд.

Бо назардошти хулосаи мутахассисони раёсати «Тоҷикстандарт» аз тарафи комиссияи махсуси муштараки  ниҳодҳои назоратӣ  санади махсус таҳия гардида, маҳсулоти мусодирашуда дар ҷои махсус нобуд карда шудааст.

Нисбат ба соҳибкорони номбаршуда  аз тарафи шуъбаи Вазорати корҳои дохилии ноҳияи Ишкошим парванда оғоз гардида, барои андешидани   чораҳои қонунӣ ба прокуратураи ноҳия ирсол гардидааст.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here