Шоҳигарии Арабистони Саудӣ дар мувофиқа бо ниҳодҳои беҳдоштии ин кишвар барои аз сар гирифтани ташкили ҳаҷи умра санадеро ба тасвиб расонидааст, ки раванди иҷрои он аз чанд марҳила иборат мебошад. Дар ин бора сухангӯйи Кумитаи дини Тоҷикистон Афшин Муқим хабар дод.

Марҳилаи 1. Иҷозат барои шаҳрвандони Арабистони Саудӣ ва сокинони таҳҷоӣ шурӯъ аз рӯзи якшанбе, 17-уми моҳи сафари соли 1442 ҳ., мувофиқ ба 4-уми октябри соли 2020 (6 ҳазор нафар дар як рӯз, бо риояи қоидаҳои беҳдоштӣ) то 18-уми октябри соли 2020.

Марҳилаи 2. Иҷозат барои шаҳрвандони Арабистони Саудӣ ва сокинони таҳҷоӣ шурӯъ аз рӯзи 18-уми октябри соли 2020 (15 ҳазор умракунанда ва 40 ҳазор намозгузор дар як рӯз) то 01-11-2020 .

Марҳилаи 3. Иҷозат барои шаҳрвандони Арабистони Саудӣ ва шаҳрвандони кишварҳои хориҷ шурӯъ аз 1-уми ноябри соли 2020 (20 ҳазор нафар умракунанда ва 60 ҳазор намозгузор дар як рӯз) то ба охир расидани хатари сирояти CoViD-19.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here