Имрӯз нашрияи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд «Ҳақиқати Суғд» 91-сола шуд. 25-уми марти соли 1930 аввалин шумораи ин рӯзнома бо заҳмати зиёди фидоиёни соҳа нашр шуда буд.

«Ҳақиқати Суғд» 91 сол аст, ки дар саргаҳи журналистикаи ҳавзаи вилояти Суғд қарор гирифта, дар рушду нумӯи журналистикаи тоҷик саҳми босазо дорад.

Аввалин шумораи он 25-уми марти соли 1930 дар шаҳри Ленинобод (Хуҷанд) аз чоп баромадааст. Баъдтар бо номҳои «Пролетари Хуҷанд», «Болшевики Хуҷанд», «Бо роҳи Ленин», «Стахановчӣ» ва «Ҳақиқати Ленинобод» ба дасти хонандагон мерасид.

Мактаби бузурги «Ҳақиқати Суғд» дар домони хеш садҳо рӯзноманигори варзидаи кишварро парварида,  пайроҳаи мунири фаъолияти  устодон Бобоҷон Ғафуров, Мирзо Турсунзода, Раҳим Ҷалил, Пӯлод Толис, Аҳмадҷони Раҳматзод, Фарзона аз ин боргоҳи маърифат оғоз шудааст.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here