“Рисолаи номзадии унвонҷӯён бояд кори худи онҳо бошад, на рӯйбардор аз корҳои дигар. Маҳз барои назорати ин раванд мо барномаи “Антиплагиат”-ро ҷорӣ кардем”, — гуфт ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон академик Муҳаммадюсуф Имомзода зимни нишасти матбуотӣ.
Ҳангоми баргузории нишасти хабарӣ Имомзода иброз дошт, ки “ДМТ бо мақсади баланд бардоштани сифати корҳои илмӣ ва муайян намудани асолати матни рисолаҳои илмии иҷрошаванда бори нахуст дар ҷумҳурӣ барномаи “Антиплагиат”-ро бо забони тоҷикӣ таҳия кард”.
Мақсади асосии барномаи мазкур аз назорати пурра гузаронидани рисолаҳои илмӣ мебошад, то муаллиф ба асардуздӣ роҳ надода бошад. Қаблан ин барнома танҳо бо забони русӣ дар системаи мазкур ҷорӣ буд.
Ёдовар бояд шуд, ки мувофиқи қонунгузории ҷумҳурӣ асардуздӣ манъ аст.
Нуралӣ Карим