“МегаФон Тоҷикистон” аз таъйин шудани Анна Жданова ҳамчун сардори бахши HR (мудирияти манобеи инсонӣ) дар ин ширкат хабар дод. Гуфта мешавад, ӯ дар вазифаи нави худ, беҳтарин таҷриба ва абзорҳоро барои таҳкими даста роҳандозӣ ва ривоҷи минбаъди инноватсионии ширкатро муаррифӣ хоҳад кард.

Анна Жданова маълумоти аввалини худро дар Донишгоҳи омӯзгории Маскав ва дуюмро дар Донишгоҳи Округи Ҷанубӣ дар Шӯъбаи сотсиологияи иқтисодӣ ва идоракунии минтақавӣ гирифтааст. Соли 2000, вай такмили ихтисоси худро бо омӯзиши соҳибкорӣ вобаста карда, аз мураббӣ то сардори шӯъбаи рушди ҳайати шахсӣ ва директори тиҷорати таълимӣ рушд кардааст. Қабл аз ворид шудан ба “МегаФон Тоҷикистон”, Анна дар ширкатҳое кор мекард, ки дар бозорҳои ҷаҳонӣ ва Русия пешсафанд. Дар байни онҳо — ҶСП «Инмарко», Unilever, ҳолдинги агросаноатии «Мираторг», «Мактаби олии салоҳиятҳо» ҳастанд. Дар ҳама мавқеъҳо, Анна нишондиҳандаҳои баландро дар кор бо ҳайати шахсӣ нишон додаст, ки ба рушди ширкатҳо ва натиҷаҳои тиҷорат бевосита таъсир расондаанд.

Анна Жданова дар “МегаФон Тоҷикистон” бояд таҷрибаҳои муосир оид ба HR-ро татбиқ кунад, ки афзоиши минбаъдаи иштироки кормандонро дар кори ширкат таъмин мекунад.

— «МегаФон Тоҷикистон» анъанаҳои мустаҳками корпоративӣ ва дастаи хеле қавӣ дорад, ки ба он имкон медиҳад, ки дар бозори телекоммуникатсияи ҷумҳурӣ мавқеи пешрафтаро нигоҳ дорад. Аммо барои рушд ҳамеша имкониятҳо мавҷуданд. Боварӣ дорам, ки таҷрибаи ман муфид хоҳад буд ва ба кормандони ширкати мо барои ба сатҳи сифатан нав ноил шудан ва дар нигоҳ доштани чизи арзанда дар МегаФон — фазои эҷодкорӣ, муҳаббат ба навоварӣ ва рӯҳияи гурӯҳӣ кӯмак хоҳад кард», — шарҳ медиҳад Анна Жданова.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here