Беш аз 13 ҳазор гуреза аз Сурия ва кишварҳои дигар дар Туркия дар гузаргоҳҳои марзӣ бо Юнон ҷамъ омадаанд, хабар медиҳад Reuters. Қаблан мақомоти Туркия эълом карда буданд, ки ба ҳаракати онҳо ба кишварҳои Иттиҳоди Аврупо монеъ намешаванд.

Анкара гуфт, ки марзҳоро бо Иттиҳоди Аврупо (ИА) барои гурезаҳо боз мекунад, зеро ИА  ӯҳдадориҳои молиявии ба дӯш гирифтаашонро иҷро намекунад ва инчунин дар ҳалли низои Сурия низ ширкат намекунад.

Ҷониби Туркия иддао дорад, ки дар тӯли чанд рӯзи охир ба 75 ҳазор муҳоҷир тавассути гузаргоҳҳои сарҳадӣ бо кишварҳои ИА иҷоза дода шудааст.

Юнон хабар дод, ки дар тӯли як рӯз, убури тақрибан 10 ҳазор муҳоҷири бе ҳуҷҷатҳои заруриро аз сарҳад пешгирӣ кардааст. Ҳамзамон, тақрибан 500 гуреза бо роҳи баҳр ба ҷазираҳои Эгейи Юнон аз Туркия ворид шуданд.

Қаблан низоъ дар сарҳад бо Юнон гузориш шуда буд. Полис аз гази ашковар истифода бурд ва гурезагон кӯшиш карданд, ки ба Юнон ворид шаванд.

Ҳоло дар Туркия беш аз 3,5 миллион гуреза, асосан аз Сурия, ки дар он ҷанги шаҳрвандӣ ва мудохилаи як қатор кишварҳо, аз ҷумла Русия 9 сол аст идома дорад, ҳастанд.

Президенти Туркия пас аз якбора шиддат ёфтани вазъ дар шимолу ғарби Сурия бо сабаби ҳамлаи ҷонибдорони президенти Сурия Башор Асад сиёсаташро нисбати гурезагон тағйир кард.

Тасмими Туркия дар бораи кушодани марзҳо маънои даст кашидан аз риояи шартҳои созишнома бо Иттиҳоди Аврупо дар соли 2016-ро дорад. Брюссел ва Анкара ба мувофиқа расида буданд, ки муҳоҷирони ғайриқонуние, ки аз Туркия ба ҷазираҳои Юнон меоянд, ба Туркия бармегарданд. Анкара инчунин ваъда дода буд, ки барои бастани масирҳои баҳрӣ ва хушкӣ барои муҳоҷирони ғайриқонуние, ки ба кишварҳои ИА сафар мекунанд, ҳама кори имконпазирро анҷом медиҳад.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here