Шиновар аз дастаи мунтахаби Тоҷикистон Анастасия Тюрина ҳаққи иштирок дар Бозиҳои 3-юми олимпии наврасон дар Буэнос Айреси Аргентинаро ба даст овард. Федератсияи байналмилалии шиноварӣ номзадии Анастасияро дар Бозиҳои олимпии наврасон тасдиқ кард.
Тюрина Анастасияи 16-сола дар Бозиҳои олимпии наврасон дар намуди шиноварӣ дар масофаи 50 метр тарзи озод ва 50 метр парвона (butterfly) иштирок хоҳад кард.
Анастасия варзишгари сеюм аз Тоҷикистон аст, ки роҳхати Бозиҳои тобистонаи олимпии наврасон-2018-ро ба даст меорад. Қаблан Бежан Файзуллоев дар намуди тирандозӣ (10 метр аз таппонча) ва Сулаймони Ҷамшед дар намуди дзюдо (-66 кг) ҳаққи иштирок дар Олимпиадаи наврасонро пайдо карда буданд.
Бозиҳои олимпии наврасон аз 6 то 18 октябри соли равон дар шаҳри Буэнос Айреси Ҷумҳурии Аргентина баргузор мегардад. Дар ин чорабинии варзишӣ ҳудуди 4000 варзишгари наврас аз 206 давлати ҷаҳон аз рӯи 32 намуди варзиш (541 қувваозмоӣ) барои ҷоизаҳо талош мекунанд.