Роҳбарони Раёсати муассисаи давлатии нақлиёти автомобилӣ ва хизматрасонии логистикӣ ва Хадамоти танзим дар соҳаи нақлиёт, ки бояд имрӯз дар нишасти матбуотӣ иштирок мекарданд, аммо бо сабабҳои номаълум иштирок накарданд.

Ва ин боиси иҷро нашудани амри президенти кишвар маҳсуб меёбад. Ин бори аввал нест, ки роҳбарони ниҳодҳои болозикр бо ҳар баҳонае аз суҳбат бо журналистон худдорӣ мекунанд.
Дар нишаст, муовини Хадамоти танзим дар соҳаи нақлиёт Маҳамадалӣ Рафиев омили иштирок накардани Қурбон Халифаев, роҳбари Хадамоти давлатии танзим дар соҳаи нақлиёти вилояти Хатлонро бемории ӯ арзёбӣ намуд. Дар нишасти қаблии шаш моҳ пеш низ сабаби иштирок накардани роҳбари аввалро бемор будани ӯ арзёбӣ карда буданд.
Роҳбари Муассисаи давлатии Идораи хоҷагии роҳҳои автомобилгард, низ дар нишаст иштирок надошт ва баъди нигаронии зиёди рӯзноманигорон Файзуллозода Насрулло ба нишаст ҳозир шуд.
Корманди идораи дигар Алишер Баротов гуфт, ки Мӯсо Назаров роҳбарашон ба кори дигар банд буд, аз ин сабаб онҳо дар нишаст иштирок накарданд.
Иштирок накардани ду роҳбари ин ниҳодҳо боиси иҷро нашудани амри президенти ҶТ таҳти рақами 1729 маҳсуб меёбад.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here