Раиси “Амонатбонк” Сироҷиддин Икромӣ зикр намуд, ки барои барҳам додани навбатпоиҳо дар банкоматҳо ба ҳар як нафақахӯр смс — паёмак ирсол хоҳад шуд.

Аксарияти нафақахӯрон аз интизори навбати худ ва набудани маблағ дар кортҳои нафақагирӣ бонкро гунаҳгор меҳисобанд. Барои барҳам додани навбатпоӣ ва чунин мушкилиҳо “Амонатбонк” тасмим гирифт, ки ба ҳар як нафақахӯр смс — паёмак пайваст намояд, ин намуди хизматрасонӣ ройгон хоҳад шуд”-афзуд ӯ.

Ҳамзамон, раиси бонк қайд намуд, ки дар як рӯз мувофиқи мониторинг 2-3 маротиба банкоматҳо бо маблағ таъмин мегарданд.

“Амонатбонк” бо мақсади баланд бардоштани сифати хизматрасониҳои бонкӣ, зиёд намудани ҳаҷми пардохтҳои ғайринақдӣ, танзими муомилоти нақдӣ ва дар ин замина устувор нигоҳ доштани қурби миллӣ, дар маҷмӯъ бо 7635 адад ташкилоту муассисаҳои буҷетӣ ва ғайрибуҷетӣ ҷиҳати гузаштан ба лоиҳаи “Музди меҳнат” тавассути кортҳои пардохтии бонкӣ ҳамкориро ба роҳ мондааст, ки нисбат ба ҳамин давра соли 2018, 197 адад зтиёд мебошад.

Шумораи дорандагони кортҳои пардохтии бонкӣ ба зиёда аз 1 миллиону 606 ҳазор нафар расидааст, ки дар муқоиса ба ҳамин давраи соли 2018, 204,8 ҳазор нафар зиёд мебошад.

Теъдоди банкоматҳои харидашуда дар бонк ба 237 адад ва постерминалҳо ба 1380 адад расонида шудааст.

Бонк ҷиҳати саҳмгузорӣ дар самти амалишавии стратегияи рушди низоми пардохт ва  истифодаи васеи когртҳо, 534 адад постерминалҳои худро дар нуқтаҳои савдо ва хизматрасонӣ насб намудааст.

   

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here