Роҳбарияти БДА “Амонатбонк” тасмим дорад дар сли 2020 иловатан фаъолияти боз 20 нуктаи бонкиро дар кишвар роҳандозӣ кунад. Раиси “Амонатбонк” Сироҷиддин Икромӣ ин тасмимро барои беҳтар гардонидани сатҳи хизматрасонӣ барои аҳолӣ арзёбӣ кард.

— Ин нуқтаҳои бонкӣ то соати 21 шаб фаъолият хоҳанд кард, зеро шаҳрвандоне, ки дар корхонаҳои давлатӣ ва дигар самтҳо кору фаъолият доранд, наметавонанд давоми рӯз ба нуктаҳои бонкӣ рафта, хароҷоти коммуналӣ ва дигар хароҷоти худро пардохт кунанд. Аз ин рӯ, барои беҳтару хубтар кардани сатҳи хизматрасонӣ ба аҳолӣ чунин иқдом роҳандозӣ карда мешавад, — гуфт Икромӣ.

Гуфа шуд, то имрӯз дар шаҳру навоҳии кишвар 235 нуқтаи қабул дар марказҳои хизматрасонии филиалҳои “Амонатбонк” бо барномаи “Қабули пардохтҳо” фаъолият мекунад. Ҳамзамон, ба барномаи “Қабули маблағҳои коммуналӣ” 473 адад марказҳои хизматрасонии бонкӣ пайваст шудаанд, ки дар муқоиса ба соли 2018-ум 135 адад зиёд будааст.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here