Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон “Амонатбонк” бо мақсади саҳмгузорӣ дар самти яке аз ҳадафҳои стратегии кишвар, таъмини амнияти озуқаворӣ иқдоми пешниҳоди қарзҳои имтиёзнокро таҳти унвони “Кишоварз- 2021”роҳандозӣ кардааст.

Ба деҳқонон ва фермерҳо қарз аз 3 то 500 000 сомонӣ ва мутаносибан бо асъори хориҷӣ пешниҳод мешавад. Муҳлати қарз аз 6 то 36 моҳ буда, ҳамзамон аз пардохти қарзи асосӣ аз он то 6 моҳи давраи аввали гирифтани қарз имтиёз дода мешавад. Меъёри фоизи солонаи қарз бо пули миллӣ 18% ва бо асъори хориҷӣ 8% мебошад. Меъёри фоизи моҳонаи қарз бо пули миллӣ 1,5 % буда ва бо асъори хориҷӣ 0,66 дарсадро  дар бар мегирад.

Шитобед иқдом то 30-уми апрели соли ҷорӣ амал мекунад. Маълумоти бештар: 1885 ва 44 600 0484, 44 600 0487.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here