18-уми декабр ҷамъомади президентони кишварҳои Иттиҳоди давлатҳои ҳамсуд баргузор мегардад. Гуфта мешавад, ки ин ҷамъомад дар шакли видеоӣ ва  таҳти раёсати президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев баргузор хоҳад шуд.

Дар рӯзномаи ин ҷамъомад баррасии масъалаҳои ҳолати кунунӣ ва дурнамои рушди муносибатҳои сиёсӣ, тиҷоративу иқтисодӣ ва фарҳангию инсонпарварона, ҳамчунин муборизаи муштарак ба муқобили чолишҳо ва таҳдидҳои нав дар доираи ИДҲ дохил карда шудаанд.

Интизор меравад, ки Шавкат Мирзиёев дар баромади худ дурнамои Ҷумҳурии Ӯзбекистонро оид ба вазифаҳои дарозмуддати ИДҲ шарҳ дода, оид ба тавсеаи шарикии амалӣ пешниҳодҳои мушаххас дар миён мегузорад.

Дар ҷараёни мулоқот сарони ҳайатҳо инчунин лоиҳаи Консепсияи рушди минбаъдаи ИДҲ дар давраи то 2030 ва Нақшаи татбиқи онро баррасӣ мекунанд, ки ҳадафҳои стратегӣ ва самтҳои асосии ҳамкориҳоро дар давраи наздик ва миёна дар худ фаро гирифтаанд.

Дар поёни ҷаласа қабули изҳороти муштарак ба муносибати 75-умин солгарди таъсиси Созмони милали муттаҳид ва ҳамкорӣ дар соҳаи амнияти иттилоотии байналмилалӣ, инчунин қарорҳо оид ба ҷабҳаҳои гуногуни фаъолияти Иттиҳод, аз ҷумла дар бораи макони баргузории ҷаласаи навбатии Шӯрои сарони давлатҳо дар соли 2021, ба нақша гирифта шудаанд.

Мирасрор Аҳроров,

хабарнигори “Фараж”, шаҳри Тошканд

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here