Шоми рӯзи гузашта дар меҳмонхонаи “Hyatt Regency” дар Душанбе ба муносибати 95-умин солгарди таъсиси Ҷумҳурии Туркия ҳамоиш баргузор гардид.

Дар чорабинии мазкур, сафири Ҷумҳурии Туркия дар Тоҷикистон Алӣ Рифат Кёксал ва ҳамсари ӯ бону Мюбеҷҷел Кёксал, вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Аслов, сафирон ва намояндагони ВАО-и кишвар иштирок доштанд.

Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Аслов дар баромади худ изҳор дошт, ки мардуми бародарро ба муносибати 95-солагии таъсисёбии Ҷумҳурии Туркия табрик намуда, пешравии иқтисодиёт ва некӯаҳволии мардуму кишвари Туркияро таманно дорад.

— Муносибатҳои дипломатии Ҷумуҳурии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Туркия рӯз то рӯз густариш меёбад, албатта ин ҳама натиҷаи кӯшишҳои муштараки тарафайн аст. Муносибатҳои олии ҳар ду кишвар, ки беш аз 26 сол дар фазои дӯстӣ, тафоҳум ва созандагӣ сурат мегирад, барои тавсеаи ҳамкориҳои гуногунҷанбаи Тоҷикистону Туркия нақши муҳим дорад. Робитаҳои мутақобилан судманд дар бахшҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва ғайра миёни Тоҷикистону Турикия идома дорад, — изҳор дошт Аслов.

Ҳамзамон, Сироҷиддин Аслов қайд намуд, ки то имрӯз миёни Тоҷикистону Туркия 70 санади дуҷониба дар бахшҳои гуногун ба имзо расидааст. “Мо ин рушди ҳамкориҳои Тоҷикистону Туркияро бахусус  бахшҳои савдо, иқтисод, фарҳанг, маориф ва ғайраро мусбат арзёби мекунем. Дар муносибатҳои байни давлатҳои мо фазои мусоиди эътимод, заминаи зарури сиёсӣ  ва василаҳои ғамхории матақобилан судманд фароҳам оварда шудааст, ки 20 октябри соли ҷорӣ бахшида ба осорҳои  Мавлоно Румӣ, симпозиюми байналмилалӣ илми таҳти унвони Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ бо иштироки олимону коршиносон аз якчанд кишварҳои ҷаҳон баргузор гардид. Бо истифода аз ин фурсат ба Оҷонсии Туркия оид ба ғамхорӣ ва ҳамоҳангсозӣ дар баргузории ин чорабинӣ изҳори сипоси худро баён менамоям” — гуфт ӯ. 

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here