Шабакаи телевизионии  TOLONews  аз забони шоҳидони ҳол хабар дод, ки муҳоҷимони мусаллаҳ бомдоди имрӯз бар донишгоҳи низомии маршал Фаҳим дар шаҳри Кобул ҳамла кардаанд.

Гувоҳон меафзоянд, ки дар наздики соати сеи бомдод ин ҳамла аз тарафи дари вурудии донишгоҳ дар саҳни бинои панҷум оғоз шуд.

Гувоҳон изофа кардаанд, ки то кунун беш аз даҳ инфиҷорро дар наздики маҳалли рӯйдод шунидаанд.

Мақомҳо ин ҳамларо таъйид мекунанд, аммо аз талафот ҷузъиёт намедиҳанд.

Дар моҳи октябр соли 2017 низ дар як таркиши худкушҳо бар доншҷуёни донишгоҳи маршал Фаҳим дар наздики ин донишгоҳ 15 тан ҷон бохта буданд.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here