Маркази тадқиқоти журналистии Тоҷикистон қабули дархост барои дастрас кардани воситаҳои ҳимояи шахсиро эълон кард. Либосҳои махсуси ҳимоятии тиббӣ ( болопӯш ва бахил), ниқоб барои рӯй, айнакҳои махсус, дастпӯшакҳои тиббӣ, маҳлулҳои антисептикӣ аз он ҷумлаанд.

МТЖТ ташкилоти ҷамъиятие мебошад, ки ҳадафи асосии он ҳимояи рӯзноманигорон ва ташкилотҳои рӯзноманигорӣ ҳангоми фаъолияти касбӣ аст.

Маҳсулоти мазкур барои истифода ҳангоми фаъолияти пурсамар ва саривақтии рӯзноманигорон дар беморхонаҳо, вохӯрӣ бо беморони мубталои Коронавирус, мусоҳиба бо табибон дар дохили беморхонаҳо ва берун аз он доир ба масъалаи доғи рӯз — коронавирус дастрас карда мешаванд.

Дархостҳо танҳо аз роҳбарони васоити ахбори оммаи ватанӣ, ки дар ҳудуди Тоҷикистон фаъолият мебаранд, новобаста аз шакли фаъолияташон, қабул карда мешаванд.

Расонидани кӯмаки воситаҳои ҳимояи шахсӣ бо дастгирии молиявии сафорати ИМА дар Душанбе имконпазир гардид. Ҳимояи журналистон, дастгирии онҳо ҳангоми фаъолияти касбӣ яке аз принсипҳои асосии рушди давлатҳои демократӣ мебошад, ки ИМА дар ин масъала дар сафи пеш қарор дорад. Ба журналистони тоҷик маълум аст, ки сафорати Амрико тариқи грантҳои хурд ҳамеша аз фаъолияти онҳо дастгирӣ мекунад. Ин маротиба ҳам сафорати ИМА дар Душанбе лоиҳаи Маркази тадқиқоти журналистии Тоҷикистонро дастгирӣ намуд.

Бояд гуфт, ки ин кумаки ягонаи Ҳукумати ИМА ба Тоҷикистон барои пешгирии “вабои аср”- COVID-19 нест.

Аз ҷумла, то ин дам Ҳукумати Амрико таҷҳизоти муҳофизатии шахсиро ба Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун як қисмати кӯмаки Иёлоти Муттаҳида ба Тоҷикистон  супорид, инчунин ӯҳдадории худро оид ба ҷудо намудани 37 миллион доллари ИМА аз ҷониби Фонди эҳтиётии фавқулодда барои бемориҳои сироятии USAID барои 25 кишвар, аз ҷумла Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон кард, дар доираи барномаи «Озуқаворӣ ба хотири сулҳ»,  56 280 кг кӯмаки озуқаворӣ, ки зиёда аз 171 000 доллари ИМА арзиш дорад, ба Тоҷикистон дастрас  намуд ва ҳамчунин Ҳукумати ИМА 2 миллион долларро барои ҳифзи муҳоҷирон дар Осиёи Миёна дар ҳолати пандемияи COVID-19 ҷудо менамояд.

Ташкилоти ҷамъиятии Маркази тадқиқоти журналистии Тоҷикистон низ бори панҷум аст, ки тибқи талаботи оинномавиаш ба журналистони тоҷик дар шароити мубориза бо  пандемияи COVID-19 кӯмак мерасонад. Журналистони тоҷикро бо таҷҳизоти ҳимояи шахсӣ ва маводи хӯрокворӣ дар тамоми минтақаҳои кишвар таъмин намудаасту менамояд.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here