Шоми 14-уми ноябр дар толори Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ дар Душанбе бо иштироки васеи  меҳмонон маросими пӯшидашавии Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Ӯзбекистон доир шуд.    

Муовини аввали вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Назариён Обид Одилзода ба муносибати маросими пӯшидашавӣ изҳор дошт, ки маҳз ба шарофати истеъдоди нодир ва ҳунари волои фиристодагони кишвари дӯсту бародар, иди пуршукӯҳ ба тантанаи дӯстиву рафоқат, суруду рақс ва падидаи гуворои фарҳангӣ мубаддал гардид. “Хосатан, намоиши асарҳои рассомони ҳирфаии Ӯзбекистон таассуроти нек гузошт”, – гуфт муовини вазир.

Сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Эргаш Шоисматов аз пазироии гарм ҷониби Толҷикистон изҳори хушнидӣ карда, иброз дошт, ки доир шудани рӯзҳои фарҳангӣ байни ду кишвар ба ҳукми анъана медарояд. Тавре сафир гуфт, барпо шудани рӯзҳои кинои ҳар ду кишвар замина фароҳам меоварнд, то  чаҳорчӯбаи ҳамкориҳои маданиву фарҳангӣ вусъат ёбанд.

— Аввалин фестивали байналхалқии “Мақом”, ки дар Шаҳрисабз доир гардида буд, санъаткорони тоҷик ба ҷоизаи “Гранд При” ноил гардида буданд ва  ба касбияти онҳо ҳайати доварони байналмилалӣ низ баҳои баланд додаанд, – ёдрас кард Эргаш Шоисматов.

Сарояндаҳои маъруфи Ӯзбекистон Ғуломҷон Ёқубов, Озода Нурсаидова, Маҳмуд Намозов, Моҳчера Шоҳмуродова, Нафиса Фармонова ва аз арбобони фарҳанги тоҷик Давлатманд Холов, Афзалшоҳ Шодиев, Хуршед Иброҳимзода, Ҷамшед Эргашов, Бахтиёр Иброҳимов, Нигина Амоқулова базмро ҷаззобтар карданд.

Интизор меравад, ки ин навбат соли 2020 аҳли фарҳангу ҳунари Тоҷикистон барои таҷлили рӯзҳои фарҳангӣ меҳмони Ӯзбекистон мешаванд.

Файзуллохон Обидов

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here