4-уми октябр дар Душанбе вохӯрии вазири саноат ва технологияи нави ҶТ Шавкат Бобозода ва сафири Озарбойҷон дар Тоҷикистон Аббосалӣ Ҳасанов баргузор гардид.

Сафири Ҳасанов аз рушди иқтисодии Озарбойҷон сухан карда, гуфт, ки сабаби асосии тараққиёти босуръати Ҷумҳурии Озарбойҷон ин сиёсати дурусти иқтисодӣ сиёсӣ дар тӯли 25 сол ба роҳмонда, аниқтараш роҳбарии оқилонаи Ҳайдар Алиев ва сиёсати дурусти Пешвои муаззам аст. Сафир қайд кард, ки ҳоло Озарбойҷон зери роҳбарии Президенти ҷумҳурӣ, муҳтарам Илҳом Алиев бо муваффақият дар пайи амалӣ намудани сиёсати Ҳайдар Алив аст. Қайд карда шуд, ки дар «Гузориши ҷаҳонии рақобат дар солҳои 2017-2018» Озарбойҷон аз чандин кишвари мутараққӣ пеш гузашта, дар мақоми 35-ум қарор гирифт.

Дар рафти суҳбат вазир Шавкат Бобозода хабар дод, ки бо тасмими Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Барномаи миллии рушди қолибофӣ қабул шудааст ва дар доираи ин лоиҳа аз ҷониби Вазорати саноат ва технологияи нав ба Озарбойҷон гурӯҳе барои омӯхтан ва таҷриба пайдо кардан дар ҳунари қадимаи қолибофӣ сафарбар карда шуданд.

Сафир дар бораи кушодани хатсайри мустақими ҳавоии Душанбе- Боку гуфт, ки ҳанӯз ин масъала ҳалли худро наёфтааст, зеро Тоҷикистону Озарбойҷон то ҳанӯз дар ҳалли ин масъала як қатор мушкилӣ доранд.

Қайд карда шуд, ки маблағгузорони озарбойҷонӣ ба иқтисоди Тоҷикистон мароқ зоҳир кардаанд. Тарафҳо ба чунин хулоса омаданд, ки барои ҷалби маблағгузорон бояд имконияту шароитҳои хуб фароҳам оварда шавад ва беҳтар аст, ки ҳуҷҷатгузории гумркуӣ ва андоз содда карда шаванд.

Тавсия карда шуд, ки анвои васее аз маҳсулоти тавлиди Озарбойҷон, хоҳ аз саноати вазнин ва ё маҳсулоти саноатӣ, ба бозори Тоҷикистон бароварда шаванд.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here