Раёсати Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии раиси Маҷлиси намояндагон Маҳмадтоир Зокирзода дар пайравӣ аз иқдоми президенти Тоҷикистон дар ростои мубориза бар зидди бемории сироятии КОВИД-19 тасмим гирифтаанд, ки 1 маоши моҳонаи худро ба суратҳисоби фонди маблағгузории пешгирӣ аз вируси сироятии COVID-19 гузаронанд.

Тибқи тасмими Раёсати Маҷлиси намояндагон раис, муовини аввал ва муовинони раиси Маҷлиси намояндагон як маоши моҳонаи худро ва вакилони Маҷлиси намояндагон як қисми маоши моҳонаашонро ба ин суратҳисоб интиқол хоҳанд дод.

Гуфта мешавад, ки роҳбарияти Маҷлиси намояндагон аснои қабули ин тасмим таъкид намудаанд, ки дар чунин лаҳзаҳои барои мардум душвор вакилони мардумӣ бо тамоми ҳастӣ дар паҳлуи миллату давлати худ буда, талош мекунанд, ки дар ҳама шароит барои рафъи мушкилоти пешомада, бо интихобкунандагони худ ҳаммаром бошанд.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here