Даври панҷуми иқдоми “ Aмали орзуҳо” ба охир расид, ки дар он нуҳ нафар муштариёни Бонк соҳиби телевизорҳои муосири Samsung шуданд.

Иқдоми “ Амали орзуҳо” барои муштариёне пешбинӣ шуда буд, ки дар давраи иқдом, яъне аз 1 июн то 20 декабри соли 2019, аз Бонки Эсхата қарз гирифта буданд. Иқдоми мазкур аз 5 давра иборат буда ва аз рӯи натиҷаҳои ҳар як давра туҳфаҳои арзанда ба муштариён тақдим карда мешавад.

Аз рӯи натиҷаҳои даври панҷум, нуҳ нафар муштариёни Бонки Эсхата соҳиби телевизор шуданд:

  1. Наргис Аминова, муштарии филиали Бонк дар шаҳри Душанбе;
  2. Қумрӣ Абдуллоева, муштарии филиали Бонк дар шаҳри Турсунзода;
  3. Асҳобиддин Ибодов, муштарии филиали Бонк дар шаҳри Ҳисор;
  4. Наргис Бобоева, муштарии филиали Бонк дар ноҳияи Спитамен;
  5. Олимҷон Шокиров, муштарии филиали Бонк дар шаҳри Хуҷанд;
  6. Озод Мавлонқулзода, муштарии филиали Бонк дар ноҳияи Спитамен;
  7. Садоқат Ғафорова, муштарии филиали Бонк дар ноҳияи Восеъ;
  8. Бахтиёр Нозимов, муштарии филиали Бонк дар вилояти Хатлон;
  9. Назокат Турсунова, муштарии филиали Бонк дар вилояти Хатлон.

Дар бозии навбатӣ мукофоти асосии иқдом — 150,000 сомонӣ мебошад. Ҳамаи муштариёне, ки аз Бонк дар тӯли давраи иқдом қарз гирифтаанд,  имкон доранд, ки дар бозии бурднок ширкат кунанд.

Ёдовар мешавем, ки аз рӯи натиҷаҳои даври аввал 9 корт  ва мукофоти пулӣ дар суратҳисоби кортӣ ба маблағи 1000 сомонӣ тақдим шуданд;

— Аз рӯи натиҷаҳои даври дуюм — телефонҳои мобилӣ;

— Аз рӯи натиҷаҳои даври сеюм — яхдонҳо;

— Аз рӯи натиҷаҳои даври чорум — мошинҳои ҷомашӯӣ ба муштариён тақдим шуда буд.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here