Вазорати корҳои дохилии Украина аз захмӣ шудан 4 нафар, аз ҷумла намояндаи парламенти ин кишвар Игор Мосийчук ва кушта шудани муҳофизи шахсии вай дар инфиҷори террористӣ дар Киев хабар дод.

Дар пайи ин таркиш як полис кушта ва чор нафари дигар, аз ҷумла як намояндаи парламенти Украина, захмӣ шудаанд.

Вазорати корҳои дохилии Украина ин инфиҷорро як ҳодисаи террористӣ эълон кард. Бар асоси ин гузориш, ин инфиҷор шоми чоршанбе наздики даромадгоҳи сохтмони як шабакаи телевизиони интернетӣ иттифоқ афтодааст. 

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here