Кормандони Хадамоти пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ байни ноболиғон ва ҷавонони (ХПҲНҶ) Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо масъулини Вазорати маориф ва илми кишвар дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ амалиёти санҷишӣ гузарониданд, ки дар натиҷа як қатор қойидавайронкуниҳо ба қайд гирифта шудааст.

Зимни ин чорабинӣ, ки рӯзи 23-юми ноябр гузаронида шуд, аз ҷумла чандин ҳолати дар дарсҳо иштирок надоштани донишҷӯён ва 10 ҳолати бо телефонҳои мобилӣ ба дарс омадани донишҷӯёни ин коллеҷ ба қайд гирифта шуданд.

Ҳамчунин, кормандони ХПҲНҶ ВКД дар рафти санҷиши мазкур дар хобгоҳи ин муассисаи таҳсилоти касбӣ ва ошхонаи он як қатор камбудиҳоро маълум карданд. Аз ҷумла, тавре мушоҳида шуд, танҳо дар хобгоҳи таълимгоҳи мазкур 22 нафар донишҷӯён бе қайди ҷойи зист истиқомат доштанд.

Вобаста ба ҳолатҳои муайяну ошкор намудани ин ва дигар камбудиҳо дар фаъолияти Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ, нисбати ҳуқуқвайронкунандагон маводҳои зарурӣ тартиб дода шуд. Инчунин, кормандони милитсия ва намояндагони Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ оид ба рафъи камбудиҳои ҷойдошта масъулини коллеҷи зикршударо вазифадор сохтанд.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here