Дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонии вилояти Хатлон 30 хоҷагӣ аз даврони Шӯравӣ то кунун аз истифодаи қувваи барқ маҳрум буда, ба гуфти сокинон, хонаҳояшонро бо шамъ равшан мекунанд.

Даҳҳо сокини деҳаи Сарикокули ҷамоати деҳоти Чӯбеки ноҳияи мазкур дар суҳбат гуфтанд, ки аз набудани қувваи барқ аз замони таъсисёбии деҳа то ҳол азият мекашанд. Онҳо орзу доранд, ки  дар солҳои “Рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” ниҳоят масъулон ба додашон мерасанду хонаҳои онҳоро бо барқ таъмин месозанд.

Сардори шабакаҳои барқи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ дар суҳбат ба хабарнигори “Фараж” тасдиқ кард, ки деҳаи мазкур дар ҳақиқат аз истифодаи неруи барқ маҳрум аст. Вай афзуд, ки то соли 2021 ин деҳа бо барқ таъмин хоҳад шуд.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here