Нависандаи итолиёвӣ Марио Каволо, ки 21 сол боз дар Чин зиндагӣ мекунад, мушоҳидаҳои шахсии худро дар бораи рафъи қарантин аз тарафи сокинони ин кишвар, нақл кард.
“Ҳамчун як шахсе, ки 21 сол дар Чин зиндагӣ мекунам, мехоҳам ба шумо бигӯям, ки Чин ин эпидемияро чӣ гуна рафъ кард”, — навиштааст нависанда дар блоги шахсиаш.
“Сабаби пайдо шудани ҳеҷ гуна ҳолати нав дар Чин он аст, ки қувваҳои роҳбарикунанда назорати пурраи вирусро ба роҳ монданд. Ҳама дар кӯча бо ниқоб мегаштанд. Ҳатто, вақте дар як шаҳр 100 ҳолати гирифторӣ ба коронавирус ба қайд гирифта шуд, робитаи шаҳри мазкур бо берун, комилан қатъ гардид. Ин амалҳо на ихтиёрӣ, балки маҷбурӣ амалӣ шуд.
Дар вилояти Ляонинг, ки ман он ҷо зиндагӣ мекунам, 89 ҳолати сирояти вирус ошкор гардид. Сипас, тамоми роҳҳои вилоят баста шуда, таҳти назорати пурра қарор гирифтанд.
Нақлиёти ҷамъиятӣ, мағозаҳои савдо, идораҳо, муассисаҳои таълимӣ, ҳама бидуни истисно баста шуданд. Таҳсили кӯдакон ба таври фосилавӣ анҷом дода мешуд.
Бо ин тарз дар охири моҳи феврал, сатҳи беморӣ дар аксари вилоятҳои Чин ба сифр поён фуромад. Бо вуҷуди ин, ҳамаи қувваҳои назораткунанда дар ҷойҳои худ боқӣ монданд.
Ҳоло системаи рамзии “QR Heaith Green” дар саросари кишвар кор мекунад. Ин барнома дар смартфонҳои ҳар як шаҳрвандон насб карда шудааст. Рамзии “QR Heaith Green” маълумотро дар бораи саломатии шумо пешниҳод мекунад. Ҳангоми рафтан ба ҷойҳои ҷамъиятӣ рамз “скрин” карда мешавад. Агар рамз зард бошад, шумо ба ҷойе, ки одамон ҷамъ шудаанд ворид шуда наметавонеду агар рамз сурх бошад, шумо бояд дар қарантини қатъӣ боқӣ монед”.
— “Дар хона бимонед, бо бегонагон муошират накунед, санитария ва тозагиро риоя кунед, ҳушёр бошед”, шиори нафароне буд, ки дар қарантин қарор доштанд, — навиштааст дар интиҳои мушоҳидааш нависанда Марио Ковало.