Омӯзгорони мактабҳо, литсейҳо, коллеҷҳо ва мураббиёни боғчаҳои вилоятҳои Самарқанд, Тошканд, Қашқадарё ва Ҷиззахи Ӯзбекистон ба ҷамъоварии пахта сафарбар шуданд. Соҳибкорон шикоят доранд, ки аз онҳо барои нарафтанашон ба пахтазорҳо пул меситонанд.

Яке аз ин омӯзгорон ба шарти ифшо нашудани номаш ба расонаҳои маҳаллӣ гуфтааст, муаллимони мактаби онҳоро ба даҳ гурӯҳ тақсим кардаанд ва ҳар гурӯҳ ба навбат барои даҳ рӯз ба пахтачинӣ хоҳад рафт.

“Гуруҳи аввал субҳи имрӯз ба пахтазори ноҳияҳои Зафаробод ва Зомин сафарбар шуданд. Шаб ҳам онҷо мемонанд. Миёни онҳо занони то 50-55-сола низ ҳастанд, ки бо таксиҳои маҳаллӣ гапзанон кардаанду ҳар субҳ онҳоро ба пахтазор мебаранд ва шом бармегардонанд. Онҳо аз ҳисоби худ рӯзона барои роҳпӯлӣ 5-10 ҳазор сӯм харҷ мекунанд”, — афзудааст ӯ.

Ба гуфтаи ин зан, дар боғчаҳои ноҳияи Зомин аз ҳар гурӯҳ як мураббиро мегузоранд ва боқӣ ба пахтазорҳо сафарбар хоҳанд шуд.

“Моро монанди соли гузашта маҷбур карданд, забонхат нависем, ки бо хоҳиши худ пахтачинӣ меравем, зеро чанде пеш мақомот ваъда дода буданд, ки дигар коргаронро иҷборан ба пахтачинӣ намебаранд. Ин ваъда куҷо шуд?! Ҳама чиз мисли пешин аст. Ягон чиз тағйир наёфтааст”, — гуфтааст як омӯзгор аз Ҷиззах.

Соҳибкорони ӯзбек мегӯянд, кормандони ҳукуматҳои маҳал ба бозорҳо омада, дар сурати нарафтанашон ба пахтачинӣ аз онҳо пул талаб хоҳанд кард.

“Ба мо гуфтанд, ё пахтачинӣ меравед, ё 300-350 ҳазор сӯмӣ (ҳудуди 37-43 доллари ИМА) медиҳед. Мо наметавонем, савдоро гузошта, пахтачинӣ равем. Бинобар ин, пул медиҳем. Чанде пеш ман 300 ҳазор сӯм додам”, — гуфтааст як соҳибкор аз Самарқанд.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here