Дар ду рӯзи гузашта дар роҳҳои кишвар ду садамаи нақлиётие ба қайд гирифта шудааст, ки боиси марги мусофирон ва он ҳам занҳо гардидааст. Дар ин бора маркази матбуоти ВКД хабар медиҳад.

Рӯзи 16-уми сентябри соли 2019, тахминан соати 20:15, ронандаи автомашинаи тамғаи “Хонда-СРВ” Бачаҷонов Мустафо Муҳаммадхуҷаевич, соли таваллудаш 1991, сокини ноҳияи Дарвоз, ҳангоми ҳаракат дар роҳи автомобилгарди “Хоруғ-Кӯлоб-Душанбе” дар деҳаи Мумираки ноҳияи Муъминобод аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, онро ба тарафи рости роҳ чаппа кардааст. Дар натиҷа, мусофираш Бачаҷонова Ширинмоҳ Сафархуҷаевна, соли таваллудаш 1974, сокини ноҳияи Дарвоз, ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.

Худи ронанда, Бачаҷонов М.М. ва дигар мусофиронаш Бачаҷонов Мирхуҷа Муҳаммадхуҷаевич, соли таваллудаш 1994 ва Маҳмадзиёева Саида Шириновна, соли таваллудаш 1970, ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидаанд.

Рӯзи 17-уми сентябри соли 2019, тахминан соати 07:00, ронандаи автомашинаи тамғаи «Опел-Астра» Ҳусейнбоев Юсуф, соли таваллудаш 1957, сокини ноҳияи Деваштич, ҳангоми ҳаракат дар роҳи мошингарди «Душанбе-Хуҷанд-Чаноқ» дар ҳудуди деҳаи Сӯфи Орифи шаҳри Истаравшан бехатарии ҳаракати роҳро таъмин карда натавониста, ба самти муқобили ҳаракат баромада, ба автомашинаи тамғаи «Опел-Зафира», таҳти идораи ронанда Охунов Муҳаммадалӣ Мирзоалиевич, соли таваллудаш 1983, сокини ноҳияи Мастчоҳ, бархӯрдааст. Дар натиҷа, мусофири автомашинаи тамғаи «Опел-Астра» Ҷӯраева Саида Аҳмадшоевна, соли таваллудаш 1953, сокини ноҳияи Деваштич, ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here