Дирӯз дар роҳҳои кишвар чанд садамаи нақлиётӣ ба қайд гирифта шудааст, ки мутаассифона талафоти ҷонӣ доштанд. Дар ду садама ду хурдсол аз беэҳтиётӣ зери чархи нақлиёт монда, ҷон додаанду дар садамаи дигар ронанда ба ҳалокат расидааст.

Рӯзи 27-уми августи соли 2018, тахминан соати 09:30-дақиқа, ронандаи трактори тамғаи “МТЗ-82”, Идрисов Насимҷон Муллоевич, соли таваллудаш 1993, сокини ноҳияи Тоҷикобод ҳангоми ҳаракат аз самти деҳаи Шарқиён ба самти деҳаи Сари-пул, дар ҳудуди деҳаи Нушори-поён қоидаҳои ҳаракати роҳро таъмин карда натавониста, хурдсол, Назаршоев Аҳадулло Наврӯзшоевич, соли таваллудаш 2013, сокини деҳаи Нушори-поёнро пахш намудааст. Дар натиҷа, хурдсол ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.

Санаи 27-уми августи соли 2018, тахминан соати 11:30-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи “ГБАСНГ-ДАМАС”, шаҳрванди Ҷумҳурии Ӯзбекистон Равшанов Муҳриддин Шеруғлӣ, соли таваллудаш 1996, сокини ноҳияи Гиждувони вилояти Бухоро, ҳангоми ҳаракат дар шоҳроҳи “Душанбе-Турсунзода”, дар ҳудуди деҳаи Зарбдори ш.Турсунзода аз ӯҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагарди ноболиғ, Донаева Фотима Рустамбековна, соли таваллудаш 2008, сокини деҳаи Зарбдорро пахш намудааст. Дар натиҷа, духтарчаи ноболиғ ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.

27-уми августи соли ҷорӣ, тахминан соатҳои 01:05 ронандаи автомашинаи тамғаи «БМВ», аломати қайди давлатияш 8797СЕ01 Умарзода Ҳикматулло Неъматулло, соли таваллудаш 1997, донишҷӯи соли 4-уми Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон, сокини ноҳияи Ховалинг, ҳангоми ҳаракат бо кӯчаи Ҳофизи Шерозӣ ба самти кӯчаи Саъдии Шерозии шаҳри Душанбе бо сабабҳои номаълум аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба девори яке аз манзилҳои истиқоматии кӯчаи Лермонтов бархурдааст, ки дар натиҷа ронандаи автомашинаи мазкур дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here