Дар як садамаи нақлиётӣ дар ноҳияи Балҷувон шаш нафар ба ҳалокат расиданд, ки дар байни онҳо як наврас ҳам ҳаст.

19-уми ноябри соли 2017, тахминан соати 18:00, ронандаи автомашинаи тамғаи “УАЗ-31512”, Розиқов Маҳмадулло Каримович, соли таваллудаш 1965, сокини ноҳияи Ховалинг, ҳангоми ҳаракат аз самти ноҳияи Балҷувон ба самти ноҳияи Ховалинг, дар мавзеи деҳаи Оличадараи ноҳияи Балҷувон аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, мошинро ба чуқурии тақрибан 250 метр чаппа кардааст.

Дар натиҷа худи ронанда, Розиқов М. ва мусофирон Маҳмадиев Абдуғаффор соли таваллудаш 1950, Розиқов Муҳаббат Маҳмадшоевич соли таваллудаш 1990, Маҳмадиев Мирзоалӣ Абдуғаффорович соли таваллудаш 1981, Рамазони Мирзоалӣ соли таваллудаш 2006, хонандаи синфи 7-уми МТМУ №25, Вайсов Сафаралӣ соли таваллудаш 1957, истиқоматкунандагони деҳаи Обидараи ноҳияи Ховалинг, ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here