Соли 2017-ум дар қаламрави Тоҷикистон 883 ҳолат ва ҳодисаи табиӣ, аз қабили фаромадани тарма, ярч, бориши барфи аз меъёр зиёд, боронҳои пай дар пай, омадани сел, обхезӣ ва резиши санг дар минтақаҳои куҳӣ ба қайд гирифта шудааст.

Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқуллоддаи Тоҷикистон Назарзода Рустам, имрӯз, 6-уми феврал дар нишасти мабуотии Кумита дар ин бора иттиллоъ дод.

Номбурда шарҳ дод, ки аз офатҳои табиӣ 720 ҳолати тармафароӣ, 41 ҳолати омадани сел, баландшавии сатҳи оби дарёҳо — 32, фаромадани Ярч — 33, Заминларза — 21, Сангреза — 21, вазидани шамолҳо сахт — 13 ҳолат ба қайд гирифта шудааст.

— Бар асари ҳодисаҳои табиии рухдода 31 нафар шаҳрванд ба ҳалокат расиданд. Аз ин ҳисоб 23 нафар ҳангоми тармафароӣ, резиши санг — 3 нафар, фаромадани Ярч — 2 нафар, шамоли сахт — 2 ва сел — 1 нафар ба ҳалокат расидаанд. Ғайр аз ин, бар асари ҳолатҳои табиӣ дар соли гузашта 157 хонаи истиқоматӣ, аз ҷумла 49 хона пурра, майдонҳои кишт — 604,47 гектар, 16 пул ва 1196,897 километр роҳи мошингард зарар дидаанд. Ба хонаводаҳои зарардида аз ҳисоби буҷети давлатӣ ба маблағи 76 ҳазору 100 сомонӣ ёрии яквақта ҷудо карда шуд, — гуфт генерал-лейтенант Назарзода Рустам.

Инчунин, гуфта шуд, дар соли 2017 170 нафар шаҳрванд дар кӯлу дарёҳо ва бо сабабҳои гуногун ғарқ шудаанд, ки 58 нафари онҳо ноболиғи то синни 17-сола будаанд. Сабаби асосии зиёд шудани ҳолатҳои ғарқшавиро мақомот дар риоя нагардидани қоидаҳои оббозӣ аз ҷониби сокинон ва оббозӣ дар ҷойҳои манъгардида арзёбӣ мекунанд.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here