Дар ду таркише, ки дар маркази варзишӣ, дар маҳалли шианишини шаҳри Кобули Афғонистон, ба амал омад, 20 нафар ба ҳалокат расида, беш аз 70 тани дигар захмӣ шудаанд. Дар ин бора вазорати корҳои дохилии Афғонистон хабар медиҳад.

Ба иттилои ин ниҳод, 5-уми сентябр маргталабе худро дар дохили толори варзишии ноҳияи Дашти Барчии Кобул таркондааст. Камтар аз як соат баъди таркиши аввал, замоне ки неруҳои давлатӣ ва хабарнигорон ба ҷои ҳодиса ҳозир шуданд, мошини бомгузоришуда таркидааст.

Ба иттилои расонаҳо, дар ин таркиш хабарнигор ва наворбардори телевизиони Tolo News кушта ва чор корманди телевизионҳои дигар маҷруҳ шудаанд.

Ба иттилои мақомот, миёни маҷруҳон ҳафт корманди полис низ ҳаст. Гуруҳи террористии “Давлати исломӣ” масъулияти таркишҳоро ба дӯш гирифтааст.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here