Дирӯз дар Қирғизистон нахустин мурофиаи додгоҳии собиқ президенти ин кишвар Алмазбек Атамбаев, ки кишварро солҳои 2011-2017 роҳбарӣ мекард, ба охир расид.

Вай барои дар соли 2013 ба таври ғайриқонунӣ озод кардани як чеҳраи ҷиноӣ бо номи Азиз Батукаев бояд 11 солу ду моҳро дар зиндони низомаш пурзӯр гузаронад. Эҳтимол меравад, ки ин муҳлат минбаъд афзоиш хоҳад ёфт. Суд то ҳол баррасии парвандаҳои дигарро ба даст наовардааст: куштори як сарбози нерӯҳои махсус ҳангоми ҳамла ба манзилаш дар Кой-Тош, кӯшиши ғасб кардани ҳокимияти давлатӣ дар моҳи августи соли 2019 ва ба даст овардани ғайриқонунии ду қитъаи замин.

Гарчанде одатан мурофиаҳои сиёсатмадорони маъруф дар Қирғизистон бидуни митингҳои пурсарусадо анҷом намеёбанд, яке аз ҳукмҳои асосӣ дар таърихи ин кишвар аст, ки хеле оромона бароварда шудааст. Қисман бо сабаби пандемияи коронавирус, инчунин, аз он сабаб ки оқибати он пешгӯишаванда буд.

Пас аз баррасии парвандаи аввал алайҳи Алмазбек Атамбаев, вай аз рутбаҳо ва мукофотҳои давлатӣ маҳрум шуда, ба 11 солу ду моҳи низоми сахт маҳкум шуд.

Ба собиқ президент ғайриқонунӣ озод кардани Азиз Батукаев гарон афтод. Тавре қаблан «Коммерсант» хабар дода буд, шахсони мансабдори ин амалиёт ба маблағи тақрибан 15 миллион доллар ришва гирифтаанд.

Рӯзҳои 7-8 августи соли 2019 Атамбаев саъй кард, ки ба боздошт муқовимат нишон дода, ба сӯи ҷузъу томҳои махсусе, ки манзилашро дар деҳаи Кой-Тош муҳосира карданд, оташ кушояд. Акнун прокуратура умедвор аст, Алмазбек Атамбаев барои куштор як корманди нерӯҳои махсус ҳангоми амалиёт ва кӯшиши ғасб кардани ҳокимияти давлатӣ ҷавобгар хоҳад буд. Агар собиқ президенти Қирғизистон ба фармонҳои мақомоти амниятӣ итоат мекард, шояд ин парвандаҳои ҷиноӣ намешуданд.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here