Миразизов Рустам Аламович ҳамчун аъзои хоҷагии деҳқонии «Бег»-и ноҳияи Бохтари вилояти Хатлон бо роҳи фиреб ба боварии шаҳрвандон Саидботирова М.О. ва Саидботиров Ҳ.С. даромада, онҳоро бовар кунонидааст, ки бар ивази маблағи 12.000 доллари ИМА аз ҳисоби заминҳои ҷамоати деҳоти «Сарвати Истиқлол»-и ноҳияи Бохтар ду қитъаи замини наздиҳавлигӣ ҷудо карда медиҳад.

Дар ҳамин замина Миразизов Рустам Аламович маблағи 12.000 доллари ИМА-ро дар ду ҳолат дар манзили истиқоматиаш аз бародари Саидботирова М. гирифта, ба эҳтиёҷоти шахсиаш сарф намуда, ба манфиати шаҳрвандон Саидботирова М.О. ва Саидботиров Ҳ.С. ягон амал иҷро накардааст. Дар натиҷаи ин кирдорҳои ҷинояткоронааш Миразизов Рустам Аламович ба шаҳрвандони зикршуда зарари махсусан калони моддӣ расонидааст.

Вобаста ба ин ҳолат нисбати Миразизов Рустам Аламович бо моддаи 247 қисми 4 банди «б»-и КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишоти пешакии он идома дорад.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here