27-уми сентябр таҳти раёсати раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ, ҷонишини якуми раиси Платформаи миллӣ Рустам Назарзода ҷаласаи Платформаи миллӣ оид ба коҳиши хатари офатҳои табиӣ баргузор шуд.

Дар ҷаласа аъзои Платформаи миллӣ – роҳбарони 16 вазорат ва идораҳои кишвар, ҳамчунин, сарвар ва намояндагони 14 созмони байналмилалии муқими Тоҷикистон, ки нозирони Платформаи миллӣ мебошанд, ширкат карданд.

Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда дар сухани ифтитоҳии худ қайд кард, ки Платформаи миллӣ оид ба коҳиши хатари офатҳо мақоми машваратӣ дар назди Комиссияи давлатии ҳолатҳои фавқулоддаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Дар ҷараёни ҷаласа ба ширкаткунандагон дар бораи ҷамъбасти иҷлоссияи панҷуми Платформаи ҷаҳонӣ оид ба коҳиши хатари офатҳои табиӣ, ки 22-26-уми майи соли равон дар шаҳри Канкунеи Мексика баргузор шуда буд, маълумот дода шуд. 

Роҳбари Барномаи умумиҷаҳонии озуқаи СММ, ҷаноби Маттеи дар бораи натиҷаи корҳои муштарак бо КҲФ дар мавриди татбиқи тарҳҳои имзошуда миёни Кумита ва Барномаи умумиҷаҳонии озуқа гузориш дод.

Корманди масъули Бонки умуиҷаҳонӣ ширкаткунандагонро бо тарҳи таҳкими объектҳои нисбатан муҳим барои таъмини устуворӣ бо хатарҳои табиӣ ошно намунд. 

Намояндаи вазорати нақлиёти кишвар лоиҳаҳо оид ба бунёди саддҳои зидди селу обхезӣ дар қитъаҳои хатарноки роҳҳои мошингарди куҳиро намоиш дод. Намояндаи Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи корҳои соҳилбандӣ нақл кард.

Аз ҷониби Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон ҷараёни татбиқи лоиҳаҳои ДИПЕКО-10 муаррифӣ карда шуд.

Дар охири ҷаласа миёни аъзо ва ширкаткунандагони ҷаласаи Платформаи миллӣ дои ба масъалаҳои истифодаи самараноки воситаҳои ҷудошуда барои Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба коҳиши хатари офатҳои табиӣ табодули афкор сурат гирифт.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here