Имрӯз дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон бо иштироки Тоҷикистон ва намояндагони Қазоқистон, Қирғизистон, Туркманистон, Ӯзбекистон ва ИМА ҷаласаи Гуруҳи корӣ оид ба масъалаҳои амният дар формати С5+1 баргузор гардид.

Дар ҷаласа муовини вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Музаффар Ҳусейзода, иҷрокунандаи вазифаи муовини ёвари Котиби давлатии ИМА оид ба Осиёи Марказӣ Марк Мудӣ, сафири ИМА дар Тоҷикистон Ҷон Поммершайм ва намояндагони 4 кишвари дигари Осиёи Марказӣ ҳамкориҳои минтақавиро дар мубориза бар зидди терроризм ва таҳдидҳои бозгашти ҷанговарони хориҷиро зимни суҳбат баррасӣ намуданд.

Дар ин ҷаласа сафири ИМА Поммершайм зимни суханронии худ гуфт: “Соҳибистиқлолии ҳақиқӣ, мустақилият ва якпорчагии ҳудудии ин минтақа барои Иёлоти Муттаҳида аҳамияти хоса дорад ва мо дар доираи формати C5 + 1 ва тавассути кӯшишҳои дуҷониба барои таъмини ин ҳадафҳои муҳим талош хоҳем кард».

Гуфтан ба маврид аст, ки C5 + 1 формати мусоиди мулоқот ва платформа барои кӯшишҳои муштарак баҳри ҳалли масъалаҳое, ки Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва давлатҳои Осиёи Маркази бо онҳо рӯ ба рӯ мегарданд, мебошад. Дар вохӯрии аввалини вазирҳо дар формати С5 + 1, ки моҳи ноябри соли 2015 дар Самарқанд баргузор гардид, вазирони шаш давлат ба мувофиқа омаданд, ки таваҷҷуҳи хосаро ба се бахши асосии аҳамияти умумӣ дошта равона менамоянд: амният, иқтисодиёт ва масъалаҳои муҳити зист (экологӣ).

Дар вохӯрии дуюми вазирон дар формати С5+1, ки моҳи августи соли 2016 дар Вашингтон баргузор гардид, вазирони шаш давлат ба қарор омаданд, ки панҷ лоиҳаро дар се соҳаи асосӣ роҳандозӣ менамоянд. Лоиҳаҳои мазкур бо дастгирии ассигнатсияи Конгресси ИМА ба маблағи 15 млн. доллари ИМА маблағгузорӣ карда мешаванд.

Дар охири ҷаласа гуруҳи кории мазкур нақшаҳоро барои вохӯриҳои ояндаи формати C5 + 1 тасдиқ карданд.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here