3-юми декабри соли 2019, бо дастгирии Комиссияи миллии Тоҷикистон оид ба корҳои ЮНЕСКО, дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон ҷаласаи дуюми гурӯҳи корӣ дар таҳияи намоишгоҳи ҷойивазкунанда бахшида ба мероси муштараки фарҳангии Роҳи Абрешим баргузор гардид.

Дар ҷаласа, намояндагони осорхонаҳои миллии кишварҳои ширкаткунанда , коршиносони Кумитаи байнамилалии намоишгоҳҳо ва мубодилаи ICOM, раёсати таҳқиқоти фарҳангиву минтақавии Донишгоҳи Копенгаген ва ЮНЕСКО иштирок карданд.

Ширкаткунандагон паҳлуҳои ташкилии намоишгоҳи муштаракро дар чаҳорчӯбаи лоиҳаи сесолаи Иттиҳоди Аврупо ва ЮНЕСКО  зери унвони “Долонҳои мероси роҳи абрешим дар Афғонистон, Осиёи Марказӣ ва Эрон – ҷанбаҳои байнанмилалии мероси фарҳангии Аврупо” баррасӣ карданд.

Мақсад аз баргузории нишаст, интихоб ва муҳокимаи нигораҳои пешниҳодшуда барои намоиш ва муайян намудани қадамҳои мушаххас дар таҳияи намоишгоҳ буд.

Намоишгоҳи ҷойивазкунандаи «Мероси муштараки Роҳи Абрешим” тирамоҳи соли 2021дар яке аз мамлакатҳои иштирокчӣ ё Аврупо баргузор мегардад, ки дар он нигораҳои осорхонаи миллии Афғонистон, Эрон, Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон ба намоиш гузошта хоҳанд шуд.

Маҳкамзода Маҳкам

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here