Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Сангвор пешниҳоди Прокуратураи ноҳия дар бораи аз вазифа сабукдӯш кардани сардори муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди ноҳияи Сангвор Мирзомуддин Қаландаровро баррасӣ карда, ӯро аз кор озод кардааст.

Сабаби барканории Қаландаров амали дорои хусусиятҳои шаҳвонияш дар хонаи як зан дар набудани шавҳараш будааст, ки ахиран боиси шӯру мағалгардида, ба вайронии оилаи котиби ҷамоат Ҳакимов Нуралӣ ва Садирова Ҳангома бо се фарзанд шудааст.

Ҳамчунин, гуфта мешавад, Мирзомуддин Қаландаров мавриди латукӯби наздикони Ҳакимов қарор гирифта, ҷароҳат бардоштааст.

Роҳбари дастгоҳи раиси ноҳияи Сангвор Маҳмадҷон Пирназаров дар сӯҳбат ба «Фараж» гуфт, пешниҳоди Прокуратура дар як ҷаласаи васеъ бо иштироки кормандони мақомоти Ҳукумати ноҳия ва раисони ҷамоатҳо баррасӣ гардид ва нисбат ба Мирзомуддин Қаландаров танбеҳ эълон шуда, аз вазифа озод карда шудааст.

Ин дар ҳолест, ки Мирзомуддин Қаландаров ҳамаи ин иттиҳомотро нисбаташ рад карда, мегӯяд, ягон ҷиноят содир накардааст.

— Аз рӯи қонун ман ягон ҷиноят накардам, ин танҳо даъвати шаҳрвандӣ бо розигии худи шаҳрванд буд, ки бояд дар бораи як масъала суҳбат мекардем. Худаш дарро кушод, ман даромадам. Пас аз панҷ дақиқа чанд нафар одам ба хона зада даромаданд, — гуфт Қаландаров.

Бино ба нақли номбурда, ӯ қаблан бо Ҳангома Садирова ба ҷуз муносибати корӣ, ки чанд сол пеш, замони раиси ҷамоат буданаш ин зан ба ҳайси фаррош фаъолият доштааст, ягон муносибати маҳрамона надоштааст.

Ҳакимов Нуралӣ, шавҳари Ҳангома Садирова, ки он шаб дар Душанбе, дар як семинар будааст, ҳарфҳои Қаландаровро худсафедкунӣ унвон карда, гуфт, агар чунин мебуд, соати 11-12-и шаб чаро ба хона омадааст?

Номбурда аз он изҳори норозигӣ мекунад, ки Прокуратураи  ноҳияи Сангвор ба ҷавоби шикояташ аз болои амалҳои Қаландаров, ки зиндагии хонаводаашро барҳам задааст, беэътиборӣ карда, ягон чора надидааст.

— Ба аризаи ман аз прокуратура ҷавоб омад, ки гӯё ин одам ҷинояткор нест ва ягон  ҷиноят содир накардааст. Ӯро ҳамчун даъватшуда ҳисоб кардаанд. Ман ба ҷавоби ин мақомот қонеъ нестам. Ба суди ноҳия аризаи шикоятӣ навиштаам. Натиҷаи онро интизор мешавам. Қабл аз ин ба Дастгоҳи Президент ва Прокуратураи генералӣ ҳам мактуби шикоятӣ кардам. Ман ҳамчун котиби ҷамоат хизматчии давлатиям. Оид ба шаъну шараф ва зарари маънавиям дар мақомоти ноҳиявӣ ягон натиҷагирӣ нашудааст. Оилаам пош хӯрд. Ҳозир барои як оила барпо кардан камаш 25 ҳазор сомонӣ даркор аст. Боз агар суд тарафи занамро гирад, фарзандонро ба ӯ диҳаду барои се фарзанд 200-250 сомонӣ алимент таъйин кунад, ман бо маоши 890 сомониям чӣ кор мекунам? Ман аз болои ҳамсарам Садирова Ҳангома шикоят кардаам, ки суд ӯро аз ҳуқуқи модарӣ маҳрум кунад, — гуфт Ҳакимов.

Ҳангома Садирова, зане, ки ӯро шавҳар ва наздиконаш ба сабукпоӣ муттаҳам мекунанд, бехабар аз он ки шавҳараш барои аз ҳуқуқи модарӣ маҳрум карданаш ба суд ариза додааст, мегӯяд, шавҳараш ба ӯ бовар дорад ва барои исботи бегуноҳияш, ба хотири фарзандон, то ҳадди имкон талош хоҳад кард.

Бародари Ҳангома, Сангалӣ Садиров мегӯяд, Мирзомуддин Қаландаров ба монанди оилаи хоҳараш, боз се хонаводаи дигарро дар ноҳия вайрон кардааст, вале бо истифода аз вазифа, пул ва шиносбозӣ то ҳануз касе нисбаташ ягон чора надидааст.

Қаландаров ин иттиҳомотро низ нисбаташ рад карда гуфт, мақомот ин ҳолатҳоро дида баромадааст ва ягон амали ғайриқонунии ӯро пайдо накардааст. Ӯ ҳамчунин гуфт, нисбат ба ҳолати латукӯб шуданаш ба мақомоти Прокуратураи ноҳияи Сангвор шикоят бурдааст, то он нафарон ҷазои сазовор гиранд.

Аз Прокуратураи ноҳияи Сангвор доир ба масъалаи мазкур нахостанд бо мо суҳбат кунанд.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here