Ба гуфтаи коршиноси масоли ифротгароӣ Саидаҳмад Қаландаров айни замон дар ҷангҳои Сурияву Ироқ на танҳо ҷавонон, балки 40-50 солаҳо ва то 60-солаҳо низ иштирок мекунанд, ки ҳатто аз истифодаи телефону интернету компютер бехабаранд.
Ин суханонро Саидаҳмад Қаландаров дар як тренинги дурӯзае, ки 29-30-юми август аз ҷониби Институти инъикоси ҷанг ва сулҳ (IWPR) дар шаҳри Душанбе миёни журналистон баргузор гардид, иброз намуд.
“Вақте мегӯем бештар ҷавонон ба ДИИШ мепайванданд, танҳо ҷавонон не, мо дар байни ин ба ифрот гирифторшудаҳо ва дар марзҳои ҷанг ширкат кардаҳо 40-50 солаҳоро мебинем. Ҳатто дар оморе, ки аз ҷанги миёни давлатҳо муайян намуданд, аз 60-солаҳо боло ҳам будаанд ва ҳатто касоне, ки аз компютер ва телефонҳо истифода бурда наметавонистанд, иштирок мекарданд”,-қайд намуд Саидаҳмад Қаландаров.
Ҳамзамон коршиноси тоҷик афзуд, ки сабаби пайватшавиҳо ба гуруҳҳои ифротӣ танҳо васоити интернетӣ нест: “Ин олудашвиҳо танҳо васоити интернетӣ нест. Дар дунё имомхатибҳо, муфтиҳо, донандаҳои ҳуқуқҳои динӣ ҳастанд, ки мардумро даъват мекунанд, ихтилоф меандозанд, якеро ҳақ дигареро ноҳақ мебароранд ва инро як каси шунида ба дигарон нақл мекунад. Яъне инсонҳо ҳам омили осебпазирии дигарон мешавад”.
Ин дар ҳолест, ки мақомоти Тоҷикистон омили асосии гаравиш дар ҷангҳои Сурияву Ироқро тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ арзёбӣ мекунанд.