10-уми март чемпионати 27-уми футболи Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи олӣ оғоз шуд. Дар вохӯрии якум «Истиқлол»-и Душанбе дар Варзишгоҳи марказии Ҳисор бо дастаи «Хатлон»-и Бохтар» бозӣ кард.
Пеш аз оғози бозӣ капитани дастаҳо Дилшод Восиев ва Алишер Баротов зери садои суруди миллии Тоҷикистон парчами кишварро афрохтанд ва бо ин расман аз оғози чемпионат дарак доданд.
«Истиқлол» аз лаҳзаҳои аввал бартариро ба даст гирифт ва дар дақиқаи 10-ум ҳисобро кушод. Муаллифи гол Шериддин Бобоев буд, ки голи дуюмашро дар дақиқаи 37-ум зад. Дар охири қисми якум Комрон Турсунов ҳисобро ба 3:0 расонд. Меҳмонон бо як гол ҷавоб гардонданд, ки он аз пеналтӣ ба нишон расонда шуд. Бо ҳамин голи задаи Наврӯз Рустамов ҳисоб 3:1 шуд.
Бозии КМВА «Помир»-и Душанбе ва «Хуҷанд»-и Хуҷанд вохӯрии марказии ин давр дониста мешуд, ки серголтарин буд. Тарафҳо сеголӣ заданд ва бо натиҷаи мусовӣ бозиро ба охир расонданд. Аввал Шодибек Ғаффоров аз «Помир» аз масофаи дур ҳисобро кушод, сипас хуҷандиҳо бо голҳои Ҷаҳонгир Эргашев, Манучеҳр Ахмедов ва Агблей Ҷонс ба пеш баромаданд. Душанбегиҳо бо ин натиҷа ва ба ҳадаф нарасидани пеналтӣ аз ҷониби Шодибек Ғаффоро умеди худро аз даст надоданд, балки то охир мубориза бурданд. Голҳои задаи Абдухалил Боронов ва Шараф Солеҳов натиҷаро мусовӣ карданд.
Дар бозии байни дастаҳои «Барқчӣ»-и Ҳисор ва «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода ҳисоб кушода нашуд.
Дастаи «Кӯктош»-и ноҳияи Рӯдакӣ чемпионатро бо комёбӣ оғоз кард ва дар сафар дар бозӣ бо дастаи «Панҷшер»-и ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ғалаба ба даст овард. Ҳисобро дар дақиқаи 27-ум легионери ганаӣ Принс Артур кушод. Баъди як дақиқа легионери дигар аз ин кишвар Идан Окран ҳисобро афзуд. Голи ягонаи «Панҷшер»-ро бо усули зебо Хайриддин Турахонов зад. Дар охири бозӣ «Кӯктош» ба задани пеналтӣ имкон ёфт, аммо зарабаи Идан Окран ба сутуни дарвоза бархӯрд.
Ҳамин тавр, баъди ҷамъбасти даври якум дастаҳои «Истиқлол» ва «Кӯктош» бо шашимтиёзӣ пешсафанд.
Даври дуюм 16-18-уми март баргузор мешавад. Рӯзи ҷумъа «Хуҷанд» дар майдони худ «Хатлон»-ро қабул мекунад. 17-уми март «Панҷшер» бо КМВА «Помир» ва 18-уми март «Кӯктош» бо «Регар-ТадАЗ» бозӣ мекунанд.
Чемпионати 27-уми футболи Тоҷикистон. Лигаи олӣ
«Истиқлол» – «Хатлон» – 3:1
Голҳо: Шериддин Бобоев, 10 (1:0). Шериддин Бобоев, 37 (2:0). Комрон Турсунов, 45 (3:0). Навруз Рустамов, 85 – аз пеналтӣ (3:1).
10 март. Ҳисор. Варзишгоҳи марказӣ. 200 тамошогар.
КМВА «Помир» – «Хуҷанд» – 3:3
Голҳо: Шодибек Ғаффоров, 11 (1:0). Ҷаҳонгир Эргашев, 22 (1:1). Манучеҳр Ахмедов, 35 – аз пеналтӣ (1:2). Агблей Ҷонс, 38 (1:3). Абдухалил Боронов, 75 (2:3). Шарафҷон Солеҳов, 79 (3:3).
Пеналтии банишоннарасида: Шодибек Ғаффоров (КМВА «Помир»), 69 – дарвозабон.
11 март. Душанбе. Варзишгоҳи марказӣ. 400 тамошогар.
«Барқчӣ» – «Регар-ТадАЗ» – 0:0
11 март. Ҳисор. Варзишгоҳи марказӣ. 300 тамошогар.
«Панҷшер» – «Кӯктош» – 1:2
Голҳо: Принс Артур, 27 (0:1). Идан Окран, 28 (0:2). Хайриддин Турахонов, 69 (1:2).
Пеналтии банишоннарасида: Идан Окран («Кӯктош»), 86 – сутуни дарвоза.
12 март. Ҳисор. Варзишгоҳи марказӣ. 1000 тамошогар.