Клуби «Истиқлол»-и Душанбе дар бозии якуми финали байниминтақавии Ҷоми КФО-2017 бар клуби ҳиндустонии «Бенгалуру» дар майдони худ ғолиб омад.
Ин вохӯрӣ дар шоҳидии 15 ҳазор мухлис дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор баргузор шуд ва бо натиҷаи 1:0 ба охир расид. Голи ягонаро дар ин бозӣ легиоенри русиягӣ Дмитрий Барков баъди партофти зебои капитани даста Фатҳулло Фатҳуллоев бо сар вориди дарвозаи ҳиндуҳо кард. Вохӯрии ҷавобии ин дастаҳо 18-уми октбяр дар Бангалор баргузор хоҳад шуд. «Истиқлол» ин бозиро бе се бозигари асосӣ гузаронд. Артём Барановский, Дэвид Мавутор ва Амирбек Ҷӯрабоев бо гирифтани кортҳои зард аз бозиҳои пеш ҳаққи дар ин вохӯрӣ ширкат карданро надоштанд. Дар бозии ҷавобӣ Мавутор ва Ҷӯрабоев ҳақ доранд, ки ба майдон бароянд.
Дар сурати дар бозии ҷавобӣ муваффақ шудани «Истиқлол» шогирдони Муҳсин Муҳаммадиев ба финали Ҷоми КФО-2017 мебароянд. Дар ин марҳила бо ғолиби мавсими гузаштаи ин мусобиқа дастаи ироқии «Эйр Форс» қувва месанҷанд.
Ҷоми КФО-2017
Финали байниминтақавӣ. Вохӯрии якум
«Истиқлол» (Тоҷикистон) – «Бенгалуру» (Ҳиндустон) – 1:0
Гол: Дмитрий Барков, 27.
«Истиқлол» (Душанбе, Тоҷикистон): Никола Стошич, Сиёвуш Асроров, Аҳтам Назаров, Ромиш Ҷалилов, Эҳсони Панҷшанбе (Муҳаммадҷони Ҳасан, 90+1), Александр Стеcенко, Нуриддин Давронов (Табрези Давлатмир, 79), Ҷаҳонгир Алиев, Фатҳулло Фатҳуллоев, Дмитрий Барков, Манучеҳр Ҷалилов (Дилшод Восиев, 82).
«Бенгалуру» (Бангалор, Ҳиндустон): Гурпрет Синкх, Рахул Беке, Коллин Абраншес (Хармандҷот Сингх Хабра, 66), Хуан Антонио, Ленни Родригес (Элвин Ҷорҷ, 87), Димас Делгадо, Сунил Четрӣ, Уданта Синкх Куман, Нишу Кумар, Эрик Паарталу, Антонио Довале (Дэниэл Лалхлимпуа, 77).
Огоҳӣ: Нуриддин Давронов («Истиқлол»).
Бозигари беҳтарин: Фатҳулло Фатҳуллоев («Истиқлол»).
Довари марказӣ: Валентин Коваленко (Ӯзбекистон).
27 сентябр. Ҳисор. Варзишгоҳи марказӣ. 15 000 тамошогар.