Дирӯз дастаҳои футболи «Истиқлол» ва «Хуҷанд» дар доираи даври дуюми вохӯриҳои гуруҳии Ҷоми КФО-2019 меҳмононро аз кишварҳои ҳамсояи Туркманистон ва Қирғизистон қабул карданд.

«Истиқлол», ки дар даври якуми ин мусобиқа дар майдони худ «Хуҷанд»-ро бо натиҷаи 3:0 шикаст дод, дар ин давр дар меҳмонии дастаи «Олтин Асир»-и Туркманистон буд. Вохӯрӣ бо натиҷаи 1:1 анҷом ёфт ва «Истиқлол» бо 4 имтиёз дар гуруҳи D дар зинаи аввал аст. Ба голи задаи бозингари “Истиқлол” Шериддин Бобоев дар дақиқаи 79-ум пас аз 1 дақиқа мизбонон тавассути Салим Нурмуродов ҷавоб гардонданд.

«Хуҷанд» дар майдони худ бо дастаи «Дордой»-и Қирғизистон бозӣ кард ва бо натиҷаи 3:1 дастболо шуд. Ҳисобро дар дақиқаи 17-ум футболбози тими меҳмон Бекжан Сагинбаев кушод. Дар дақиқаҳои охири нимаи аввали бозӣ футболбози шинохтаи “Хуҷанд” – Дилшод Восиев голи ҷавобӣ зада, ҳисобро баробар намуд. Дар дақиқаи 63-юм бошад, Дилшод Восиев голи дуюми хешро ба ҳадаф расонида, “Хуҷанд”-ро ба пеш баровард. Нуқтаи ниҳоиро дар ин бозӣ Ҷаҳонгир Эргашев гузошт. Ӯ дар дақиқаи 89-ум аз пеналтӣ голи сеюми дастаашро ба самар расонида, пирӯзии “Хуҷанд”-ро таъмин кард. Хуҷандиҳо се имтиёзро ба даст оварда, дар ҷадвал ба зинаи дуюм баромаданд. «Олтин Асир» бо ду имтиёз сеюм ва «Дордой» бо як имтиёз чорум шуданд.

Дар доираи бозиҳои даври сеюми гурӯҳи “D” 30 апрел “Хуҷанд” дар майдони худ бо “Олтин Асир” ва 1-уми май “Истиқлол” дар Душанбе бо “Дордой” вомехуранд.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here