Дар шаҳри Макка маркази фарҳангиву хидматрасонии «Қалъаи Тоҷик» ифтитоҳ ёфт. Гуфта мешавад, ки маркази номбурда бо сабку услуби меъмории миллии тоҷикӣ бо истифода аз нақшу нигор кандакорӣ бунёд шуда, дар он то 60 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон бо ҷои кор таъмин гардиданд.

Марказ ба сокинони шаҳри Макка ва зоирон аз гӯшаҳои гуногуни дунё таомҳо ва шириниҳои миллии тоҷикиро пешкаш мекунад.

Дар маросими ифтитоҳи ин марказ сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Арабистони Саудӣ Заробиддин Қосимӣ ширкат намуд.

Маркази фарҳангӣ ва хизматрасонии «Қалъаи Тоҷик» тарҳи муштараки соҳибкори тоҷикистонӣ Абдураззоқ Саидов ва соҳибкори саудӣ Риёз Абуҳабша буда, «пойдории дӯстӣ ва сулҳу амнияти ду кишварро инъикос менамояд.»

Абдураззоқ Саидов аз соҳибкорони бонуфузи зодаи деҳаи Белайдузи Ҳисор мебошад. Ӯ тақрибан ду сол пеш ба сохтани чойхонаи тоҷикӣ дар Макка оғоз карда буд.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here