Бо ҳамин ном дар шаҳри Душанбе конференсияи минтақавии сармоягузории  ҷавонон баргузор мегардад, ки аз ҷониби Маҷлиси намояндагон, Кумитаи ҷавонон ва варзиш, Ассотсиатсияи Осиё ва Рушд,  Хазинаи  ҷамъиятии Ҷопон ва Фонди рушди аҳолии Созмони Милали Муттаҳид роҳандозӣ мешавад.

Тибқи иттилои котиби матбуотии Маҷлиси намояндагон Муҳамадато Султонов иштирокчиёни кори конфронси минтақавӣ  бештар дар бораи вазъи сиёсию- ҷамъиятӣ ва ҳаёти бевоситаи ҷавонон дар кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва берун аз он маълумоти бештар мегиранд.

Дар конфронс ҳамчунин ба масъалаи фаъолнокии шаҳрвандии ҷавонон дар ҳаёти ҷамъиятию сиёсии кишварҳояшон, иштирок ва ҳамкориҳои бевоситаи ҷавонон дар хаёти парламентҳои мамлакатҳояшон ва натиҷаи тадқиқотҳои демографии ҷавонон таваҷҷӯҳи хоса зоҳир мегардад.

Ёдовар   мешавем, ки дар кори конфронси мазкур намояндагони вазоратҳои корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, вакилони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагиҳои муқимии корпуси дипломатӣ ва созмонҳои байналмилалӣ, ки дар қаламрави Тоҷикистон фаъолият доранд  иштирок менамоянд.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here