Бо далели дунёгир шудани коронавирус ва баста шудани марзҳо сармураббии клуби футболи «Хуҷанд» Никола Лазеревич натавонист аз Сербия ба Тоҷикистон ояд. Ии буд, ки ӯро дар ин вазифа Ҳаким Фузайлов иваз кард.

Собиқ сармураббии дастаи мунтахаби  Тоҷикистон ва клуби футболи  «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе Ҳаким Фузайлов сармураббии нави дастаи футболи «Хуҷанд»-и шаҳри Хуҷанд интихоб гардид.

Ҳаким Фузайлов чанд моҳи охир дар дастаи футболи «Каганат»-и Ҷумҳурии Қирғизистон фаъолият мекард. Бо далел он, ки сармураббии пешинаи дастаи футболи «Хуҷанд»-и Хуҷанд Никола Лазаревич дар ин давраи мушкил аз Сербия ба Тоҷикистон омада наметавонад, роҳбарияти дастаи мазкур  тасмим гирифтанд, то охири мавсим бо Ҳаким Фузайлов ба ҳайси сармурабии ин даста қарордод ба имзо расонанд.

Ҳаким Фузайлов 12 августи соли 1964 дар шаҳри Қурғонтеппа (Бохтар) таваллуд шудааст. Ӯ фаъолияти меҳнатии худро ҳамчун футболбоз дар «Пахтакор»-и Қӯрғонтеппа оғоз кардааст. Аз соли 1986  дар «Помир»-и Душанбе буд ва соли 1992 ба «Локомотив»-и Маскав кӯчид ва бо он соҳиби медали биринҷии чемпионати Русия гардид.

Вай фаъолияти мураббии худро охири солҳои 90-ум аз роҳбарии клуби футболи «Бухоро» ва «Динамо»-и Самарқанд оғоз кардааст. Аз соли 2005 то декабри соли 2011 дар «Ростов» ва «Локомотив»-и Маскав мураббии селексионер буд.

Моҳи январи соли 2012 вай ноиби президенти «Локомотив»-и Тошканд дар масъалаҳои селексияи бозигарон таъин карда шуд. Моҳи майи он сол ба ҳайати мураббиён дохил шуд ва баъдтар сармураббии даста шуд.

Аз соли 2016 то 2018 ӯ тими миллии Тоҷикистонро сарварӣ мекард.

Соли 2019 вай сармураббии дастаи «Истиқлол»- Душанбе буд.

Соҳиби гувоҳномаи мураббии дараҷаи «PRO» мебошад.

Айни ҳол пас аз анҷоми марҳилаи якуми чемпионати Тоҷикитон «Хуҷанд» дар ҷадвали Лигаи олӣ бо 19 имтиёз дар ҷойи дуюм қарор дорад.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here