Сармураббии дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон Ҳаким Фузайлов ҳайати дастаро барои бозӣ бо дастаи мунтахаби Непал дар доираи вохӯриҳои интихобии даври гурӯҳии Ҷоми Осиё-2019 эълон кард.
Ба ҳайат 23 нафар даъват шудаанд, ки 3 дарвозабон, 10 муҳофизатгар, 8 ниммуҳофизатгар ва 2 ҳуҷумкунанда ҳастанд. Чор легионер низ ба даста ҷалб шудаанд, ки инҳо Абдуазиз Маҳкамов («Олой», Қирғизистон), Давронҷон Эргашев («Тараз», Қазоқистон), Искандар Ҷалилов («Балтика», Русия) ва Парвизҷон Умарбоев («Локомотив», Пловдив, Булғория) мебошанд.
Даста омодагиро ба ин бозӣ, ки 10-уми октбяр дар Варзишгоҳи марказии Ҳисор баргузор мегардад, аз 4-уми октябр шурӯъ кардааст.
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар бозӣ бо Непал:
Дарвозабонҳо: Абдуазиз Маҳкамов («Олой», Қирғизистон), Рустам Ризоев («Хуҷанд»), Қурбоналӣ Бобоев («Истиқлол»);
Муҳофизатгарон: Давронҷон Эргашев («Тараз», Қазоқистон), Искандар Ҷалилов («Балтика», Русия), Сиёвуш Асроров, Аҳтам Назаров, Ромиш Ҷалилов, Табрези Давлатмир (ҳама аз «Истиқлол»), Манучеҳр Ахмедов («Хуҷанд»), Ваҳдат Ханонов («Барқчӣ»), Фирдавс Чақалов, Зоир Ҷӯрабоев (ҳарду аз КМВА «Помир»);
Ниммуҳофизатгарон: Парвизҷон Умарбоев («Локомотив», Пловдив, Булғория), Фатҳулло Фатҳуллоев, Нуриддин Давронов, Амирбек Ҷӯрабоев, Ҷаҳонгир Алиев, Эҳсони Панҷшанбе, Мухаммадҷони Ҳасан (ҳама аз «Истиқлол»), Хуршед Бекназаров («Хуҷанд»);
Ҳуҷумкунандаҳо: Манучеҳр Ҷалилов, Дилшод Восиев (ҳарду аз «Истиқлол»).